Дар Китобхонаи миллӣ оид ба таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 28 май дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Маркази «Тоҷикшиносӣ» таҳти унвони «Шарҳу тавзеҳи Консепсияи Конуни тамаддуни ориёӣ» бо иштироки муҳаққиқони ватанӣ маҳфили навбатии «Тоҷикшиносӣ» баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Директори Китобхонаи миллӣ Лутфия Абдулхолиқзода оид ба аҳамияти омӯзиш ва таҳияи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ, нақши он дар таҳкими худшиносии миллӣ, эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди тафаккури миллӣ ибрози назар намуд.
Дар ҷамъомад мудири шуъбаи таърихи илм ва техникаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдувалӣ Шарифзода дар мавзуи «Шарҳу тавзеҳи Консепсияи илмии Конуни тамаддуни ориёӣ» маъруза намуд.
Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои марбут ба тамаддуни ориёӣ, арзишҳои миллӣ, нақши таърих дар ташаккули ҳувияти миллӣ ва аҳамияти илмии консепсия мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Доктори илмҳои таърих, профессор Хаёл Бобоев фикру мулоҳизаҳои ҷолиб ва арзишманди худро доир ба маҳфили «Тоҷикшиносӣ» иброз дошт. Мавсуф аҳамияти баргузории чунин маҳфилҳои илмӣ-маърифатиро таъкид намуда, саҳми онҳоро дар рушди тафаккури илмӣ ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа муҳим арзёбӣ кард.
Бояд гуфт, ки кормандони Маркази «Тоҷикшиносӣ» давоми фаъолият барои баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ ва рушди фарҳанги миллӣ якчанд маҳфилро дар мавзуъҳои зерин: «Забони миллат – ҳастии миллат», ««Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва марҳилаҳои худшиносии тоҷикон», «Нақши сиккаҳо дар шинохти давлати Сомониён», «Ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва воситахои электронии ахбор дар шароити ҷаҳонишавӣ», «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва таҳкими андешаи миллӣ», «Санъати хонасозии мардуми ориёӣ – аз варҷамкати Ҷамшед то хонаҳои анъанавии тоҷикони Бадахшон», «Чакан – мероси шигарфи фарҳанг», «Куруши Кабир ва Зулқарнайн» ва «Куруши Кабир, Эъломияи умумии ҳуқуқи башар: таҳаввули таърихии ҳуқуқи инсон ва нақши Пешвои миллат дар эҳёи ин арзишҳо» ва «Сарнавишти тоҷикон дар асари «Ҷомеъ-ут-таворих»-и Рашидуддини Фазлуллоҳ» баргузор намудаанд.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






