Дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ намояндагони беш аз 54 давлат иштирок менамоянд

Май 6, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 05.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 11 то 15 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Тавре аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ба ҳолати 4 майи соли 2026 барои иштирок дар ин конфронс зиёда аз 550 нафар меҳмонон аз 54 давлати аъзо ва нозир,  инчунин  20 ташкилоти байналмилалию минтақавӣ ба таври ҳузурию маҷозӣ сабти ном шудаанд.

Дар конфронси мазкур вазирон, муовинони вазир, сафирон, роҳбарони намояндагиҳо ва ташкилоти байналмилалию минтақавӣ иштирок менамоянд.

Дар доираи конфронс Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Чу Донгюй ва 3 муовинаш ба таври расмӣ тасдиқи иштироки худро пешниҳод намуда, барномаи ташриф ба Вазорати корҳои хориҷӣ низ пешниҳод гардидааст.

Ҳадафи асосии Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ фароҳам овардани платформаи расмӣ барои иштирокдорон аз Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои муҳокимаи мушкилот, муайян кардани афзалият (рушди устувори озуқаворӣ, рушди деҳот, истифодаи оқилонаи захираҳо) ва андешидани тадбирҳо бобати тағйир додани низомҳои кишоварзӣ ва озуқаворӣ ба хотири ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор мебошад.

Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳсолаи охир барои баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ нақши калидӣ бозидаанд. Ин ташаббусҳо, пеш аз ҳама, ба масъалаҳои об, иқлим, рушди устувор ва ҳамкории байналмилалӣ равона гардидаанд.

Имрӯз Тоҷикистон на танҳо иштирокчии чунин чорабиниҳо, балки ташкилкунанда ва ташаббускори онҳо низ мебошад, ки ин нуфузи байналмилалии мамлакатро боз ҳам баланд мебардорад. Ин чорабиниҳо на танҳо барои баррасии масъалаҳои глобалӣ, балки барои таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва ҷалби сармоягузорӣ низ замина фароҳам меоранд.

Маҳз натиҷаи сиёсати хирадмандона, ташаббусҳои созанда ва нуфузи баланди байналмилалии Сарвари давлат мебошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбонии чунин чорабинии сатҳи баландро бо муваффақият ба анҷом мерасонад.  Ин иқдоми муҳим бозгӯи эътимоди ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сиёсати пешгирифтаи давлати мо ва эътирофи нақши фаъолонаи он дар пешбурди масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист мебошад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 6, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд