Дар Конфронси ФАО дар Душанбе тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин баррасӣ шуд

Май 12, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, аз байн рафтани гуногунии биологӣ ва вайроншавии замин, ки ба низомҳои кишоварзии Аврупо ва Осиёи Марказӣ таъсир мерасонанд, имрӯз дар шаҳри Душанбе дар чорабиниҳои канории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ баррасӣ гардиданд.

Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, иштирокчиёни ҷаласа тамоюлҳо ва осебпазириҳои асосии минтақавӣ, бахусус хатарҳои иҷтимоию иқтисодиро, ки ҷамоатҳои деҳот, аз ҷумла деҳқонон, чорводорон ва занони машғул ба соҳаи кишоварзӣ бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, пешниҳод карданд.

Ҳамзамон онҳо самтҳои афзалиятноки фаъолиятро муайян намуданд, ки мутобиқати сиёсат, такмили низоми маълумот ва огоҳкунии барвақтӣ, татбиқи равишу усулҳои мутобиқ ба иқлим ва ҳифзи гуногунии биологӣ, идоракунии захираҳои об, механизмҳои ҷалби ҷонибҳои манфиатдор, рушди иқтидор, сармоягузориҳои системавӣ ва истифодаи равишҳои ҳамгироёнаи маблағгузориро дар бар мегиранд.

Барои тақвияти механизмҳои идоракунии ҳамгиро дар самти ҳифзи гуногунии биологӣ ва захираҳои замин, инчунин суръат бахшидан ба татбиқи стратегияҳои рушди кишоварзӣ ва низоми устувори озуқаворӣ мутобиқ ба иқлим ва муҳити зист тавсия дода шуд, ки ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ тавассути таъсис ё таҳкими механизмҳои ҳамоҳангсози байниидоравии сатҳи баланд тақвият дода шавад.

Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ инчунин дар мавзуи «Маблағгузории кишоварзӣ ва системаҳои хӯрокворӣ» ҷаласаи иловагӣ баргузор шуд. Дар он натиҷаҳои таҳлили маблағгузории ҷудошуда барои табдили системаҳои кишоварзӣ ва хӯрокворӣ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ  муҳокима гардид. Аз иштирокчиён даъват карда шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои асосии стратегӣ саъю талош намоянд.

Пешрафт ба сӯи ин ҳадафҳои стратегӣ системаҳои кишоварзӣ ва хӯроквориро самараноктар, устувортар ва фарогиртар менамояд.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд