Дар маҳфили Фирдавсӣ дар Теҳрон аз сиёсати фарҳангии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуданд

Май 18, 2026 15:17

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фарҳангистони забон ва адаби форсии Ҷумҳурии Исломии  Эрон ба муносибати Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ бо ҳузури устодону пажӯҳишгарон ва алоқамандони забону адабиёт  маҳфили илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Эрон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон Низомиддин Зоҳидӣ бо табрики Рӯзи посдошти забони форсӣ ва бузургдошти Ҳаким Фирдавсӣ ба мардуми шарифи Эрон ва форсизабонони ҷаҳон муштарак будани ин забонро барои эрониён, тоҷикон ва халқҳои дигари ориёӣ аз муҳимтарин мушаххасоти он номид.

Сафир ин забони муштаракро ганҷинаи нодири тақсимнопазир ва  сарвати миллии форсизабонон унвон карда, ҳамвора нишони кистиву чистии ақвоми ориёӣ дар масири таърих будани онро таъкид намуд. Бо ин забон бузургони адабу фарҳанги гузашта, ба мисли Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Носири Хусрав, Саъдӣ, Ҳофиз, Мавлоно, Низомӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ ва садҳо номоварони дигар осори оламгирашонро офаридаанд, ки он боиси ифтихору нозиш ва сарафрозии форсизабонон дар қаламрави шеъру сухан ва адабу фарҳанги ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Дар идома Сафири Тоҷикистон ба баррасии вазъ ва мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун гунаи фарорудии забони муштараки форсизабонон пардохт ва изҳор кард, ки дар даврони Истиқлоли Тоҷикистон  бо ибтикороти хушоянди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи ҷадид  дар рушди забони тоҷикӣ шуруъ гардид, доираи истифодаи он густариши тамом пайдо кард, бо қабули қонуни вижа забони тоҷикӣ дар маснади забони давлатӣ қарор гирифт ва ба хотири посдошташ 5 октябр дар тақвими ҷашнҳои кишвар Рӯзи забони давлатӣ эълом гардид.

Таъкид гардид, ки  Президенти Тоҷикистон китоби дуҷилдае бо номи “Забони миллат – ҳастии миллат” таълиф карданд, ки ҳадаф аз он таҳқиқ ва таблиғу ташвиқи забони муштараки мо чун муҳимтарин унсури ҳувияти миллӣ ва ҳастии миллат, посдошти мақоми волои он дар олами маънавиёти  тоҷикон ва форсизабонон аст. Афзун бар ин, бо ҳидоятҳои ҳувиятсози Пешвои миллат имрӯз дар Тоҷикистон иҷрои барномаҳои таблиғу бузургдошти нобиғагони забону адаби муштараки мо ба ҳукми суннати нек ворид шудааст. Мисоли равшани ин барномаҳо чопи  “Шоҳнома”-и безаволи Фирдавсӣ бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор давраи дуҷилдӣ ва эҳдои он ба ҳар хонаводаи тоҷик аст, ки бо ҳадафи тақвияти ҳофизаи таърихӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон ва огоҳии ҳар фарди миллат аз ҳикмати “Шоҳнома” амалӣ гардид.

Чанде пеш ибтикороти дигари Президенти Тоҷикистон дар  хусуси  таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ  ва Маркази байналмилалии Наврӯз дар пойтахти кишвари мо – шаҳри Душанбе эълон гардиданд, ки ҳамон ҳадафҳои неки посдошти забон, адабиёт, таърих ва фарҳангу тамаддуни тоҷикон ва халқҳои дигари ориёиро пайгирӣ мекунанд.

Дар фарҷом Сафири Тоҷикистон тасмими давлати кишвари бародару ҳамзабонро доир ба таъсиси “Хонаи Шоҳнома” дар ҳар вилояти Эрон ба ҳозирин табрик гуфт ва изҳор кард, ки ҳифз намудани забону адабу фарҳанги муштараки мо аз газанди боду борони замони ҷаҳонишавӣ имрӯз вазифаи ҷонии мо – соҳибзабонон аст.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон

Май 18, 2026 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад