Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд вохӯрӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 1 май дар вилояти Суғд бо иштироки прокурори шуъбаи назорати умумии Прокуратураи вилояти Суғд Шавкат Маҷидзода ва фаъолони шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд хабар доданд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои татбиқи самараноки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм, пешгирии ҳамроҳшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, таҳкими худшиносии миллӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии шаҳрвандон, тақвияти корҳои тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи насли ватандӯсту худогоҳ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ баррасӣ гардид.
Иштирокдорон оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, сарфакорона истифода намудани қувваи барқ, пешгирии ҳамроҳшавии шаҳрвандон ба ташкилоти террористию экстремистӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром ба қонун ва ташаккули ҳисси оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна қонунвайронкунӣ, таҳкими мақом ва волоияти қонун сухан гуфтанд.
АКС: Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






