Дар Минск нахустин тарабхонаи тоҷикӣ бо номи «Умари Хайём» ифтитоҳ гардид

Май 4, 2026 11:02

ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази тиҷоратии «EXPOBEL»-и шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус нахустин тарабхонаи тоҷикӣ  бо номи «Умари Хайём» ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар чорабинӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода иштирок намуд.

Зимни чорабинӣ меҳмонон бо таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла оши палов, қурутоб ва дигар хӯрокҳои тоҷикӣ шинос гардида, ҳамзамон аз барномаи фарҳангӣ, ки унсурҳои мусиқӣ ва расму оинҳои миллиро дар бар мегирифт, баҳра бурданд.

Тарабхонаи «Умари Хаём» бо фароҳам овардани муҳити хоси миллӣ ва хизматрасонии муосир метавонад ба яке аз маконҳои ҷолиби дӯстдорони фарҳанг ва таомҳои шарқӣ дар шаҳри Минск табдил ёбад.

Ба истифода дода шудани чунин иншоот қадами муҳим дар самти муаррифии фарҳанг, анъанаҳо ва таомҳои миллии тоҷикӣ дар хориҷи кишвар ба ҳисоб рафта, метавонад ба таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории гуманитарӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус мусоидат намояд.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Май 4, 2026 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд