Дар Минск шоми бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ доир шуд

Май 18, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори сафоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус дар Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Ҷумҳурии Беларус бо кишварҳои хориҷӣ бахшида ба бузургдошти шоири барҷастаи тоҷику форс Абулқосим Фирдавсӣ шоми эҷодӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус хабар доданд.

Дар чорабинӣ роҳбарони намояндагиҳои дипломатӣ, намояндагони доираҳои илмӣ ва фарҳангӣ, донишмандону коршиносон, инчунин омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии Беларус иштирок намуданд.

Ҳамоишро бо суханони ифтитоҳӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Беларус Алиризо Саноӣ ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ҳусни оғоз бахшиданд.

Дар доираи чорабинӣ олимон ва коршиносон инчунин бо маърузаҳои пурмуҳтаво оид ба мероси ғании эҷодии Абулқосим Фирдавсӣ ва саҳми ӯ дар адабиёти ҷаҳон суханронӣ намуданд.

Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки Абулқосим Фирдавсӣ яке аз бузургтарин чеҳраҳои адабиёти тоҷику форс ба шумор рафта, достони ҷовидонаи ӯ — «Шоҳнома», ки ҳудуди 60 ҳазор байтро дар бар мегирад, дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ ҷойгоҳи вижа дорад.

Ҳамчунин изҳор гардид, ки осори Фирдавсӣ ҷузъи ҷудонашавандаи мероси маънавӣ ва фарҳангии халқҳои форсизабон буда, рамзи арзишҳои инсонпарварона, ҳифзи хотираи таърихӣ ва идомаи суннатҳои чандинасраи фарҳангӣ маҳсуб меёбад.

Дар ҷараёни суханронӣ махсусан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифз ва тарғиби мероси ғании адабии ниёгон, аз ҷумла нашр ва тақдими китоби «Шоҳнома» ба ҳар як оилаи тоҷик, таъкид карда шуданд.

Сафир иброз дошт, ки мардуми Тоҷикистон ба осори гаронбаҳои Фирдавсӣ эҳтироми амиқ доранд. Дар Тоҷикистон ба номи шоири бузург кӯчаҳо, муассисаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, инчунин яке аз ноҳияҳои пойтахт номгузорӣ карда шудаанд.

Барномаи фарҳангии чорабинӣ қироати порчаҳо аз осори Фирдавсиро ба забонҳои тоҷикӣ-форсӣ, русӣ ва беларусӣ фаро гирифта, ба рамзи муколамаи фарҳангӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва наздикшавии маънавии халқҳо табдил ёфт.

 

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус

Май 18, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид