Дар Москва шоми ёдбуди Мирзо Турсунзода баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази фарҳанги тоҷикон» дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Хонаи халқҳои Русия» бахшида ба 115 — солагии шоири халқӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода Шоми ёдбуд баргузор гардид.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» дар Федератсияи Русия хабар медиҳад, дар чорабинии мазкур доираи васеи донишмандон, олимону муҳаққиқон, нависандагон, пажуҳишгарони Русия, корпуси дипломатии муқими Москва, аъзои Шурои ҷамъиятии назди Сафорат ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Гуфта шуд, ки Мирзо Турсунзода шоири ватанпарвар буд, бинобар ин беҳтарин эҷодиёташ ба васфи Ватан ва мардуми он бахшида шудааст. Мирзо Турсунзода ҳамчун мубориз ва тарғибгари сулҳу амонӣ ва идеяҳои инсондӯстона борҳо сафарҳои хориҷӣ намуда, дар роҳи таҳкими сулҳу дӯстӣ байни кишварҳои Ғарбу Шарқ хизматҳои беназир кардааст.
Дар саҳни бинои асосии «Хонаи халқҳои Россия» намоиши китобҳои Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон — Мирзо Турсунзода ташкил гардид.
Дар назди ҳозирин, директори Муассисаи давлатии буҷетии федералии «Хонаи халқҳои Русия» Анна Полежаева, шоири шинохтаи рус, тарҷумон, адабиётшинос, муаррихи адабиёти рус, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон дар соҳаи адабиёт Михаил Синелников, шарқшинос, сиёсатшинос ва корманди пешбари Институти шарқшиносии Академияи илмҳои Русия Виктор Немчинов, директори Маркази забон ва фарҳанги тоҷикии Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва Кузин Никита ва дигарон суханронӣ намуданд.
Маърӯзачиён роҷеъ ба робитаҳои густурдаи фарҳангӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия, дар бораи саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ ибрози ақида намуданд.
Таъкид гардид, ки мероси адабии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба якчанд забони кишварҳои хориҷӣ тарҷума ва нашр шудаанд.
Директори Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ Фарангис Шарифзода (тариқи маҷозӣ) иброз дошт, ки шахсияти барҷаста — Мирзо Турсунзода дар таърихи адабиёти тоҷик ва фарҳанги миллӣ ҷойгоҳи хосса дорад. Мероси адабии устод бо фарогирии арзишҳои олии инсонӣ, аз ҷумла сулҳ, дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ то имрӯз аҳамияти худро гум накарда, дар шароити муосир низ роҳнамои ҷомеа ба сӯи худшиносию худогоҳӣ мебошад.
Дар доираи чорабинӣ донишҷӯёни рус, ки дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Москва (МГЛУ) забони тоҷикӣ меомӯзанд, шеърҳои Мирзо Турсунзодаро ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ қироат намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ низ ба ҳозирин барномаи фарҳангии иборат аз гурӯҳи рақсии ансамбли “Санам”, суруду таронаҳои рангин аз ашъори пурмазмуни устод Мирзо Турсунзода пешкаш гардид. Ҳунармандон бо оҳангҳои дилнишин хотири иштирокдоронро шод намуданд.
Шоми ёдбуди шоири тоҷик дар фазои гарму дӯстона доир шуд. Меҳмонони чорабинӣ ба шарофати ин маҳфил бо фарҳангу адабиёти волои тоҷик ошноии бештар пайдо карданд.
Бояд гуфт, ки дар асоси пешниҳод ва супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар доираи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода низ бо тантана таҷлил мешавад. Ба ин муносибат имрӯзҳо дар саросари кишвар — дар муассисаву корхонаҳо ва ташкилоти давлатию ҷамъиятӣ чорабиниҳои зиёде бахшида ба ҷашни ин фарзанди фархундаи миллатамон доир мегарданд ва пажуҳишу таҳқиқоти тоза доир ба ҳаёт ва эҷодиёти ӯ ба нашр мерасанд.
АКС: АМИТ «Ховар»























Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






