Дар мулоқоти вазирони энергетика ва оби Тоҷикистон ва Либия натиҷаҳои Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ҳамкориро бо Либия дар соҳаи энергетика тақвият медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
29 май зимни мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири захираҳои оби Давлати Либия Ҳуснӣ Муҳаммад Авайдон, ки барои иштирок дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт, натиҷаҳои конфронс мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Вазири энергетика ва захираҳои об ба ҳайати Либия барои иштироки фаъолона дар ин конфронс изҳори сипос намуда, саҳми Либияро дар Форуми Африқо, ки дар доираи конфронс баргузор гардид, муҳим арзёбӣ кард.
Ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи об, ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва рушди устуворро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон барои ташкили ҳамкорӣ дар самти бунёд ва таҷдиди неругоҳҳои барқи обӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд






