Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Обшавии босуръати пиряхҳо ба дастрасии об, экосистемаҳои кӯҳӣ ва зиндагии миллионҳо нафар таҳдид мекунад. Ин нуктаро Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо, ки дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорк бо ибтикори ҳайати Тоҷикистон баргузор гардид, иброз дошт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо гуфта шуд, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташаббусҳои глобалиро дар самти обу иқлим пешбарӣ менамояд.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои марбут ба ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти омӯзиш ва ҳифзи криосфера баррасӣ карда шуданд.
Дар доираи нишаст намоишгоҳи пиряхҳои Тоҷикистон баргузор шуд. Дар он аксҳо ва маълумот оид ба вазъи пиряхҳои Тоҷикистон, таъсири тағйирёбии иқлим ва иқдомҳои Тоҷикистон барои ҳифзи захираҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд. Иштирокдорон аз саҳми Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва татбиқи қатъномаҳои марбут ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, солҳои 2025–2034» истиқбол намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад






