Дар ноҳияи Ҷаббор Расулов нақшаи кишти чигит зиёда аз 86 фоиз иҷро гардид

Май 19, 2026 11:14

ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд дар 4947 гектар пунбадона кишт намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳия кишти пунбадона дар 5690 гектар ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз дар 4947 гектар кишт анҷом ёфтааст, ки 86,9 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Аъзои хоҷагии деҳқонии «Рамазон»-и ноҳия ба парвариши чигит машғул буда, имсол дар 1,5 гектар пунбадона кишт намудаанд. Ҳолати нашъунамои зироат хуб буда, гузаронидани коркарди ғизодиҳии саривақтӣ омили  фаровонҳосилӣ мебошад.

Иброз гардид, ки имрӯзҳо хоҷагидорон ва масъулин барои суръат бахшидан ба корҳои саҳроӣ, истифодаи тухмии хушсифати мутобиқ  ба иқлим ва риояи муҳлати агротехникӣ талош доранд. Аз ҷумла, масъулини соҳаи обрасонӣ уҳдадор карда шудаанд, ки деҳқононро  сари вақт бо оби полезӣ таъмин намоянд.

АКС аз бойгонӣ

Май 19, 2026 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд