Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ аз 280 қуттии кирмак 7 тоннаю 293 килограмм (100,1 фоиз) ашёи хоми саноатӣ ба даст оварданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.
Дар натиҷаи ташкили дурусти кор, назорати доимӣ, нигоҳубин ва парвариши кирмак дурнамои истеҳсоли пилла дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъмин гардид.
Чунин дастоварди кирмакпарварони ноҳия давоми солҳои охир бесобиқа дониста мешавад.
Яке аз роҳҳои дигари баланд шудани ҳаҷми истеҳсоли пилла истифодаи тухмии хушсифат мебошад. Давоми солҳои охир кирмакпарварон аз тухмии навъи чинӣ истифода мебаранд. Ин тухмӣ ба иқлиму шароит созгор буда, дар ҳолати нигоҳубини хуб ва таъмини ғизои саривақтӣ имкон фароҳам меорад, ки сифату ҳосилнокии пилла баланд бардошта шавад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






