Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон дар хоҷагии деҳқонии «Саид» ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳосилнокии пиёзи барвақтӣ дар хоҷагӣ то 500 сентнер аз ҳар гектарро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи хуби истеҳсолӣ ба ҳисоб меравад.
Инчунин хоҷагии деҳқонии «Саид» дар деҳаи Айнии Ҷамоати деҳоти Панҷи ноҳияи Ҷайҳун ҷойгир буда, дар 3 гектар фаъолияти кишоварзӣ ба роҳ мондааст.
Хоҷагӣ аз 5 саҳмгузор иборат аст. Ба иттилои масъулин, заминҳои хоҷагӣ самаранок истифода шуда, дар 1,30 гектар пиёзи барвақтӣ ва дар 1,70 гектар зироати полезӣ кишт карда шудааст.
Раиси вилояти Хатлон зимни суҳбат бо деҳқонон аз истифодаи самараноки замин, риояи агротехникаи кишт ва ба даст овардани ҳосили фаровон изҳори қаноатмандӣ намуд. Гуфта шуд, ки истифодаи оқилонаи замин, афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва рушди иқтидори содиротӣ самтҳои муҳими сиёсати аграрии давлат ба ҳисоб мераванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






