Дар ноҳияи Ҷайҳун нақшаи истеҳсоли пилла иҷро шуд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик» хабар доданд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун тибқи нақша зиёда аз 11 тонна пилла истеҳсол гардида, аз ҳар 425 қуттии кирмак 26,3-килограммӣ пилла ба даст оварда шуд.
Тавре таъкид гардид, бо мақсади рушди соҳаи пиллапарварӣ ва иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023 дар ноҳия ситоди махсус фаъолият намуда, ҷараёни тақсимоти тухми кирмак, нигоҳубин ва ҷамъоварии пилла зери назорати доимӣ қарор гирифт.
Инчунин мақомоти маҳаллӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ ва сокинони деҳот дар рушди соҳа саҳм гузошта, дар истеҳсоли пиллаи босифат фаъолона иштирок намуданд.
Кирмакпарварони ноҳия ният доранд то анҷоми мавсим ҳаҷми истеҳсоли пилларо боз ҳам зиёд намоянд.
АКС аз бойгонӣ








Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд






