Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ нақшаи истеҳсоли пилла барзиёд иҷро гардид

Май 10, 2026 09:40

ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон нақшаи истеҳсоли пилларо пеш аз муҳлат иҷро намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ “Ховар” аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия хабар доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи кирмакпарварӣ дар ноҳия рушди назаррас ёфтааст.

Ба ҳолати 9 майи соли равон кирмакпарварони ноҳия аз байни 43 шаҳру ноҳияҳои мамлакат аввалин шуда, нақшаи истеҳсоли пилларо иҷро намуданд ва 22,1 тонна пилла супориданд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2023, №247 «Дар бораи андешидани тадбирҳои рушди соҳаи пиллапарварӣ», дар ноҳия барои тақсимоти тухми кирмаки зинда, ташкили нуқтаҳои қабул ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардиданд.

Соҳибкорон ва пиллапарварони ноҳия бо истифода аз имконияти мавҷуда барои рушди соҳа ва таъмини корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хом саҳми арзанда гузоштанд.

Масъулон иброз доштанд, ки кирмакпарварони ноҳия ният доранд то анҷоми мавсим ҳаҷми истеҳсоли пилларо боз ҳам афзоиш диҳанд.

Май 10, 2026 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон