Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ идома дорад
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба парвариши сабзавоти барвақтӣ машғул буда, дар ин кор таҷрибаи ғанӣ доранд. Онҳо ҳамасола аз аввалинҳо шуда, бозорҳои истеъмолиро бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ таъмин мекунанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки кишоварзони Ҷамъияти саҳомии кушода ба номи Саидхоҷа Урунхоҷаев ҳоло ба ҷамъоварии сабзавоти барвақтӣ фаро гирифта шудаанд. Онҳо якчанд намуд маҳсулоти пешпаз, аз ҷумла картошка, сабзӣ, помидор, бодиринг ва дигар навъҳоро ҷамъ овардаанд. Деҳқонон бо истифодаи самараноку оқилонаи замин барои ба даст овардани ҳосили фаровон талош доранд.
Иброз гардид, ки рушди соҳаи кишоварзӣ яке аз омилҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ ба ҳисоб меравад. Саҳмдорони хоҷагӣ ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи фаъолият қарор дода, дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми арзанда мегузоранд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд






