Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактабӣ бунёд карда мешавад

Май 20, 2026 09:03

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади рушди инфрасохтори иҷтимоӣ ва беҳтар гардонидани шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар шаҳраки Ғафурови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муассисаи томактаби замонавӣ бунёд мегардад, ки барои 320 кӯдак пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон сохтмони  бинои иловагии кӯдакистони рақами 11 идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки бинои навбунёди Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 1 аз таҳхона ва чор ошёна иборат буда, бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои меъёрии бинокорӣ бунёд мегардад. Муассисаи томактабӣ ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ буда, дар он барои кӯдакон муҳити муносиб ва шароити хуб фароҳам оварда мешавад. Муассиса бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сохта мешавад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф ба яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст.

Бо афзоиши аҳолӣ дар ноҳия талабот ба муассисаҳои нави таълимӣ, бахусус кӯдакистонҳо бештар гардидааст, аз ҷумла дар вилояти Суғд барои бунёди иншооти нави соҳаи маориф корҳои назаррас амалӣ мегарданд.

Ҳамзамон дар деҳоти Унҷӣ сохтмон дар бинои иловагии кӯдакистони рақами 11 идома дорад. Иншооти нав барои  300  кӯдак пешбинӣ шуда, бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохта мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳо ва дурдасттарин деҳоти вилоят кӯдакистонҳои муосир сохта шуда, дар онҳо барои таълиму тарбияи насли наврас шароити арзанда муҳайё мегардад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 20, 2026 09:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд