Дар ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад

Май 13, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 13.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имсол дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Деваштич дар 7070 гектар картошка кишт карда мешавад, ки 1500 гектари он ба Ҷамоати деҳоти Далёни боло тааллуқ дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дурнамои кишти картошка дар ҳама ҷамоату деҳоти ноҳия  7070 гектарро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 1500 гектар ба Ҷамоати деҳоти Далёни боло рост меояд.

Дар ноҳияи Деваштич, ки яке аз минтақаҳои асосии картошкапарварии мамлакат ба шумор меравад, сол ба сол майдони кишти картошка зиёд карда мешавад.  Дар деҳаи Далёни болои ноҳия кишти  картошка ва азхудкунии заминҳои нав  идома дорад.

Деваштич ноҳияи аграрӣ буда, иқлими он барои парвариши тамоми намуди зироат мувофиқ аст.

Инчунин бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва бо мақсади беҳтар намудани ҳолати обёрии заминҳо аз масофаи 12 километр тавассути қубурҳои қутрашон 400- миллиметрӣ оби худҷорӣ аз кӯҳ ба деҳа оварда мешавад.

Бо татбиқи ин иқдом беш аз 500 гектар замини ҷамоат бо об таъмин гардида, имкони истифодаи самараноки заминҳои бекорхобида фароҳам меояд.

Дар айни замон қубурхобонӣ идома дошта, сокинон дар заминҳои азхудшаванда ба кишти картошка машғуланд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 13, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид