Дар ноҳияи Нуробод бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши маърифатӣ доир гардид

Май 14, 2026 16:17

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май) дар ноҳияи Нуробод ҳамоиши маърифатӣ доир шуд. Инчунин озмунҳои «Оилаи беҳтарин» ва «Фарзанд–боғи падару модар» ҷамъбаст гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки оилаи солим асоси ҷомеаи пешрафта буда, тарбияи дурусти фарзандон аз муҳити гарму солими оила сарчашма мегирад.   Барои ҳар фарди худогоҳу хештаншинос оила муқаддас аст. Устувору пойдории он аз муҳаббати самимӣ ва иродаи қавии зану шавҳар вобаста аст. Оиладорӣ фарҳанги бузургу ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Агар оила солим бошаду назару андешаҳо ва иқдому амалҳояш дар зиндагӣ хушбинона бошад, дар маҷмуъ ҷомеа солим хоҳад буд.

Изҳор шуд, ки озмунҳо дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2026» гузаронида шуданд. Мақсади баргузории озмунҳо гиромидошти арзишҳои оиладорӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги оиладорӣ, таҳкими оила, бунёд ва мустаҳкамсозии муносибатҳои оилавӣ дар заминаи меҳру муҳаббату эҳтироми якдигар ва баланд бардоштани масъулияти оила дар тарғиби фарҳанги оиладорӣ мебошад.

Баргузории чунин озмунҳо ба густариши муҳаббат, эҳтироми байниҳамдигарӣ ва масъулияти оилавӣ мусоидат намуда, дар тарбияи фарзандони солиму соҳибмаърифат нақши муассир мегузорад.

Дар ҷараёни ҳамоиш ба оилаҳо ва фарзандони фаъолу намунавӣ Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ  тақдим карда шуданд.

АКС: Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 14, 2026 16:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид