Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» ҳамоиш доир гардид
РӮДАКӢ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила (15 май) дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Оила-рамзи муҳаббат, вафо ва ҳамдигарфаҳмӣ» конференсияи илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Муовини Раиси ноҳияи Рӯдакӣ Неъматулло Давлатзода иброз намуд, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон пайваста таъкид менамоянд, ки бунёди оилаи солим ва тарбияи фарзандони соҳибмаърифат омили муҳимми пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, ҳар шаҳрвандро зарур аст, ки оиларо ҳамчун макони муқаддас эҳтиром намуда, дар таҳкими муносибатҳои оилавӣ, риояи ҳуқуқу уҳдадориҳо ва тарбияи дурусти фарзандон саҳми арзанда гузорад».
Гуфта шуд, ки оилаи солим, пеш аз ҳама, бар пояи эҳтироми мутақобил, меҳру муҳаббат, садоқат ва масъулияти зану шавҳар бунёд мешавад. Дар ин раванд нақши падару модар дар тарбияи фарзандон, омӯзонидани одоби оиладорӣ, эҳтироми калонсолон ва омода намудани ҷавонон ба зиндагии мустақилона хеле муҳим мебошад. Хусусан, баланд бардоштани сатҳи маърифату дониш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон метавонад ба таҳкими муносибатҳои оилавӣ мусоидат намояд.
Ёдовар мешавем, ки 15 май Рӯзи байналмилалии оила муқаррар гардидааст. Ҳадафи он баланд бардоштани таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои оила ва тарбияи насли наврас мебошад. Ин иқдом аҳаммияти оиларо ҳамчун ниҳоди муҳимми иҷтимоӣ боз ҳам бештар арзёбӣ мекунад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ








Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






