Дар ноҳияи Рӯдакӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид
РӮДАКӢ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ таҳти унвони «Тоҷикона мепӯшем!» ҳамоиши занону духтарон баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.
Мақсади баргузории ҳамоиш баланд бардоштани завқи зебоипарастии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба фарҳангу анъанаҳои неки ниёгон, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзӣ, чакандӯзию зардӯзӣ дар матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ ва тақлидкории ҷавондухтарон мебошад.
Духтарони ноҳия бо либосҳои миллӣ, аз ҷумла атласу адрас ва дигар намунаҳои ҳунари волои мардумӣ дар фазои идона ва бо руҳияи баланди ватандӯстӣ дар ин ҳамоиш иштирок намуданд.
Ҳамоиши мазкур дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ифтихори миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон баргузор гардида, нишон дод, ки сокинони ноҳия ба фарҳангу суннатҳои миллӣ эҳтироми хосса зоҳир менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ













Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад






