Дар ноҳияи Шаҳринав толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд

Май 28, 2026 09:30

ШАҲРИНАВ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар ноҳияи Шаҳринав ба ифтихори Рӯзи ҷаҳонии футбол толори хурди варзишии футбол ба истифода дода шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори  АМИТ «Ховар» аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав иттилоъ доданд.

Толори хурди футбол  бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони бонангу номуси диёр  бунёд гардид.

Ба истифода додани чунин иншооти варзишӣ имконият фароҳам меорад, ки мусобиқаҳо ва чорабиниҳои гуногуни солимгардонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардида, оммавияти варзиш дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон боло бурда шавад.

Ҳамчунин бунёди чунин толорҳо ба амалӣ гардидани  «Барномаи давлатии рушди футболи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» мусоидат мекунад.

Варзишгарони ноҳия иброз доштанд, ки имрӯзҳо бо дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳи махсуси Раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ соҳаи варзиш, бахусус футбол дар мамлакат рушду тараққии бесобиқа дошта, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати дӯстдори футбол муаррифӣ мегардад.

Маҳз бо ташаббусҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ мақоми хосса касб намуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав

Май 28, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад