Дар ноҳияи Ёвон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ бо иштироки зиёда аз 7500 нафар баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни суханронӣ дар ифтитоҳи мусобиқа Раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода иброз дошт, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеа буда, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон ба ҳисоб меравад.
Таъкид гардид, ки ҳамасола баргузории чунин чорабиниҳои оммавии варзишӣ барои таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба варзиш мусоидат менамояд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар мамлакат бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон тадбирҳои назаррас амалӣ карда мешаванд.
Дар анҷом ғолибону фаъолон бо Сипоснома, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






