Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон бо шарикони байналмилалӣ дар самти муҳоҷират баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Ню-Йорки Амрико дар доираи дуюмин Форуми байналмилалии баррасии муҳоҷират-2026 мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо намояндагони воломақоми Созмони Милали Муттаҳид, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ хабар доданд, зимни мулоқот бо ёрдамчии Дабири кулли СММ хонум Бёрг Сандкёр масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид дар самти рушди иҷтимоию иқтисодӣ, бозори меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баррасӣ гардиданд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон бо СММ ҳамкории густурда дошта, татбиқи афзалиятҳои миллӣ, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 ва Ҳадафҳои рушди устуворро дар ҳамоҳангӣ бо сохторҳои ин созмон амалӣ менамояд. Ҳамчунин ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба муҳоҷирати бехатар, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирон ва мутобиқ намудани сиёсати муҳоҷират ба равандҳои муосири ҷаҳониро муҳокима карданд.
Дар мулоқот бо муовини Мудири кулли Созмони байналмилалии муҳоҷират хонум Угочи Дэниелс масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самти идораи муҳоҷират ва татбиқи барномаҳои муштарак баррасӣ шуданд. Ҷониби Тоҷикистон Созмони байналмилалии муҳоҷиратро шарики боэътимод дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират арзёбӣ намуд.
Таъкид гардид, ки саҳми ин созмон дар пешбурди Паймони глобалӣ оид ба муҳоҷирати бехатар, муназзам ва қонунӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои марбут ба муҳоҷирати бехатар, дастгирии муҳоҷирон ва баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ назаррас мебошад.
Ҳамчунин, масъалаҳои муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, аз ҷумла кӯчонидани аҳолӣ дар доираи лоиҳаҳои бузурги миллӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Солеҳа Холмаҳмадзода ҳамчунин бо директори масъалаҳои Созмони Милали Муттаҳид ва мубориза бо терроризми Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Лауди мулоқот анҷом дод.
Зимни мулоқот ҷонибҳо аз рушди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Олмон изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ саҳми Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмилалӣ (GIZ)-ро дар дастгирии рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон муҳим арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки дар доираи ҳамкории техникӣ як қатор лоиҳаҳо дар самти шуғл, муҳоҷирати меҳнатӣ, таҳсилоти касбӣ ва рушди малакаҳо татбиқ шудаанд.
Дар мулоқот ҳамчун самтҳои ояндадори ҳамкорӣ густариши барномаҳои таҳсилоти касбӣ ва дуалӣ, рушди омӯзиши забон, дастгирии малакаҳои «сабз» ва такмили механизмҳои муҳоҷирати муташаккили меҳнатӣ муайян гардиданд.
АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд






