Дар Осорхонаи миллӣ намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ифтитоҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 30 апрел дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ таҳти унвони «Абдулло Ашуров–устоди мактаби мусаввирии тоҷик» намоиши осори рассоми машҳури тоҷик Абдулло Ашуров ифтитоҳ гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки намоиш бо мақсади бузургдошти яке аз устодони санъати миллӣ ва муаррифии мактаби классикии мусаввирии тоҷик ташкил шуда, иштирокдорон доир ба осори мондагор ва саҳми назарраси Абдулло Ашуров дар рушди мактаби санъати рассомии муосири тоҷик сухан намуданд.
Дар намоиш 16 мусаввара — шоҳкории нодир аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллӣ пешкаши тамошобинон гардид. Ин асарҳо марҳилаҳои муҳими ташаккули давлатдории тоҷикон ва ҳаёти созандаи мардумро давоми фаъолияти эҷодии рассом инъикос менамоянд. Тамошобинон имкон пайдо намуданд, ки бо асарҳои машҳури рассом дар жанрҳои гуногун, аз ҷумла чеҳранигориҳои классикӣ, манзараҳои диёри кӯҳсор ва тасвири лаҳзаҳои таърихӣ аз наздик шинос шаванд. Аз ҷумла, шоҳкориҳои «Симои муаллиф», «Гӯсфандони ҳисорӣ», «Тақсимоти ҳосил», «НБО-и Варзоб. Сохтмони халқӣ» ва дигар осори пурарзиш ба намоиш гузошта шуданд.
Абдулло Ашуров (1904–1976) — асосгузори санъати тасвирии муосири тоҷик, Ходими хизматнишондаи санъати ҶШС Тоҷикистон ва яке аз аввалин рассомони касбии мамлакат мебошад. Ӯ на танҳо дар рушди санъат, балки дар ташкили мактаби рассомии миллӣ ва тарбияи даҳҳо шогирдони номдор нақши таърихӣ бозида, насли нави мусаввирони кишварро ба камол расонидааст. Асарҳои ӯ, ки дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ соҳиби ҷоизаҳо гардидаанд, дар Осорхонаи давлатии санъати халқҳои Шарқ (Москва) ва ганҷинаҳои миллии Тоҷикистон ҳамчун мероси гаронбаҳо ҳифз мешаванд.
Намоиши «Абдулло Ашуров — устоди мактаби мусаввирии тоҷик» ҳамчун рамзи эҳтиром ба мероси ниёгон ва таҳкими ҳувияти миллӣ то 20 май идома меёбад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид






