Дар Остона ҷаласаи 12-уми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 май дар шаҳри Остона — пойтахти Қазоқистон ҷаласаи дувоздаҳуми Шурои сиёсати саноатии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳайати ҷониби Тоҷикистонро муовини якуми Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода роҳбарӣ намуд.
Дар ҷаласа аъзои Шурои кишварҳои аъзои Иттиҳод, намояндагони Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, инчунин ташкилоти илмӣ ва таълимии давлатҳои иштирокдор иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ роҳбари ҳайати Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шурои сиёсати саноатии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил маълумот пешниҳод намуд. Раёсат дар Шуро ба ҷониби Қазоқистон гузашт.
Рӯзномаи ҷаласаи Шуро доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои гуногуни саноат фаро гирифт.
Бо мақсади татбиқи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар рушди соҳаҳои мошинсозии вазнин аз 5 июни соли 2025, ки аз ҷониби Тоҷикистон дар соли раёсаташ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод гардида буд, ҷонибҳо зимни ҷаласа лоиҳаи Маҷмуи чорабиниҳои амалисозии онро баррасӣ карда, маъқул донистанд.
Ҳамчунин бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласаи Шуро лоиҳаи Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи саноати хӯрокворӣ пешниҳод гардид.
Дар доираи ҳуҷҷати мазкур ҳамкорӣ оид ба таҳия ва ҷорӣ намудани таҷҳизот барои саноати хӯрокворӣ ва коркард, таъсиси шабакаи марказҳои илмию таълимӣ бо мақсади рушди таҳқиқоти амалӣ ва тасмимҳои технологии соҳа, мубодилаи таҷриба оид ба рақамисозӣ ва роботикунонии равандҳои истеҳсолии саноати хӯрокворӣ, инчунин ҳамкорӣ дар самти навовариҳо дар истеҳсоли маҳсулоти хосса пешбинӣ шудааст.
Аъзои Шуро оид ба татбиқи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар рушди киштисозии гражданӣ ва истеҳсоли таҷҳизот аз 12 декабри соли 2024, инчунин оид ба лоиҳаи Консепсияи ҳамкории кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи рушди саноати электронӣ ва Нақшаи чорабиниҳои татбиқи он қарорҳо қабул намуданд.
Маълумоти намояндагони ташкилоти заминавӣ дар бораи фаъолияти онҳо дар солҳои 2025–2026 ва нақшаи фаъолияти минбаъдаи онҳо дар тайёр кардан ва такмили ихтисоси кадрҳои соҳа барои давраи оянда шунида шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа қарор намуданд, ки ҷаласаи навбатии Шуро соли 2027 дар Ҷумҳурии Узбекистон доир карда шавад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






