Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар толори Раёсати маорифи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо мақсади дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи технология, баланд бардоштани сатҳи саводи рақамӣ байни ҷавонон, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши барномасозӣ, таҳкими тафаккури мантиқӣ ва эҷодӣ озмуни даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» доир гардид, ки дар он 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят иштирок намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Қабл аз баргузории озмун масъулини раёсати маорифи вилоят иброз доштанд, ки мақсад аз баргузории озмуни «Барномасози ҷавон» дарёфт ва рушди истеъдодҳои ҷавон дар соҳаи IT, омода намудани мутахассисони рақобатпазир барои бозори меҳнат, дастгирии идеяҳои навоварона мебошад.
Озмуни ҷумҳуриявии «Барномасози ҷавон» яке аз ташаббусҳои муҳим дар самти рушди технологияҳои иттилоотӣ ва дастгирии ҷавонони лаёқатманд дар Тоҷикистон мебошад. Ин озмун бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нав дар соҳаи технологияи муосири коммуникатсионӣ доир мешавад.
Сардори Раёсати маорифи вилоят Аминҷон Мирзоқандов қабл аз озмун изҳор дошт, ки «имрӯз аксари одамони синну солашон гуногун ҳаёти худро бе компютер ва интернет тасаввур карда наметавонанд. Бо кумаки шабакаҳои иҷтимоӣ шахс метавонад зеҳнашро рушд диҳад, маълумоташро доир ба ин ё он мавзуъ комил гардонад, аз илму техникаи муосир сари вақт огоҳ гардад, хариду фурӯш намояд, андозу дигар хизматрасониҳои коммуналиро пардохт намояд, барномаҳои иқтисодию тиҷоратӣ таҳия кунад ва барои ҳамкорӣ ба шарикони рушд пешниҳод намояд».
Озмун аз рӯйи номинатсияҳои барномасозӣ, веб–барномасозӣ, сохтани манбаи маълумот, сохтани шабакаҳои иттилоотӣ доир шуда, беҳтарин барномасозон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






