Дар Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Май 21, 2026 19:00

РАШТ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 20 май дар ноҳияи Рашт ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар».

Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, пешгирии ифротгароӣ, таҳкими ҳамгироии ҷомеа ва фаъол гардонидани фаъолияти шуроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иштирокдорони ҷаласа доир ба аҳамияти фаъолияти шуроҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ,  масъалаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва муқовимат ба зуҳуроти номатлуби экстремистиву террористӣ,  баланд бардоштани маърифати динӣ ва пешгирии хурофотпарастӣ, ҳифзи суботи ҷомеа ва ҳамоҳангии фаъолияти сохторҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ,  таҳкими фарҳанги таҳаммулпазирӣ, омӯзиши дурусти арзишҳои динӣ ва муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ, ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ,  баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон ва нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи мамлакат ибрози назар намуданд.

Дар ҷаласа барои беҳтар намудани фаъолияти сохторҳои дахлдор ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта дастур дода шуд,  ки назоратро дар самти иҷрои барномаҳои давлатӣ  пурзӯр намуда, ҳамзамон барои баланд бардоштани масъулияти шахсони масъул тадбирҳои амалӣ андешида шаванд.

Ба роҳбарияти ташкилоту муассисаҳои ноҳияҳои минтақаи Рашт тавсия дода шуд, ки корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳиро дар муассисаҳои таълимӣ ва байни аҳолӣ густариш дода, дар самти пешгирии ифротгароӣ ва тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба ҳаёти солим ва ташкили чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ тадбирҳои муассир андешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 21, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад