Дар Рашт барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мусобиқаи футбол идома дорад

Май 20, 2026 18:30

РАШТ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Рашт барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон (23 май), Рӯзи байналмилалии футбол (25 май) ва дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бозии футбол идома дорад. Дар ин хусус ба хабарнигори  минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт  иттилоъ доданд.

Барои дарёфти Ҷоми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 15 дастаи футболбозони ноҳия рақобат доранд.
Ҷавонони ноҳия пеш аз оғози ҳар бозӣ иброз медоранд, ки   ҳамчун пайрави асили Пешвои миллат барои ин ватану ин сарзамин хизмат мекунанд.

Роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт иброз доштанд,  ки «имрӯз барои ҷавонони ноҳияи мо боиси ифтихор аст, ки дар фазои орому осудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун неруи созанда ва пешбарандаи давлату миллат рушд намуда, дар ҳама соҳаҳо саҳми арзанда мегузоранд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлат ва неруи бузурги пешбарандаи ҷомеа мебошанд».

Мусобиқаи футбол ба тарғиби варзиш ва тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонони ноҳияи Рашт нигаронида шудааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт

Май 20, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як иншоот дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 13 иншоот дар шаҳри Конибодомро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи коркарди меваю сабзавот, истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан ва афшураҳои мевагии ҶДММ «Сирдарё»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро дар вилояти Суғд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли хӯроки чорво ва парандаи ҶДММ «Базаи таъминот»-и ширкати Барсро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд