Дар Рашт оид ба тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия машғулият доир гардид
РАШТ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт барои баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии шаҳрвандон таҳти унвони «Маориф ва тарбияи ҷавонон ҳамчун воситаи муҳим дар муқовимат ба коррупсия» машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ доданд.
Дар машғулият омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Рашт иштирок намуданд. Ба ҳозирин қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи мақоми омӯзгор», «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ва дигар масъалаҳои мубрами замони муосир шарҳу тавзеҳ дода шуданд.
Гуфта шуд, ки соҳаи маориф дар партави сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти афзалиятноки рушди ҷомеа эътироф гардида, дар тарбияи насли ҷавон, ватандӯст ва муқовимат ба коррупсия нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули шахсияти ҷавонон нақши калидӣ доранд. Омӯзгорон бояд на танҳо дониш диҳанд, балки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия намоянд. Дарсҳои тарбиявӣ, барномаҳои маърифатӣ ва озмунҳои зиддикоррупсионӣ метавонанд ба баланд бардоштани шуури ҳуқуқии ҷавонон мусоидат намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт








3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






