Дар Рим Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон — кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Ояндаи наздик дар шаҳри Рим — пойтахти Италия Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Масъалаи омодагӣ ба ин чорабинии байналмилалии фарҳангӣ дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия Ҷамолиддин Убайдулло, директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Зафаршо Иброҳимзода бо директори Осорхонаи тамаддунҳо (Museo delle Civiltà) Луана Тониоло дар Рим баррасӣ гардид.
Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои асосии ташкилу баргузории Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон–кишвари ёдгориҳои нодир»-ро баррасӣ намуданд. Аз ҷумла, масъалаҳои интихоби толорҳои намоишӣ, таҳияи консепсия ва тарҳрезии экспозитсия, интиқол, суғурта ва таъмини ҳифзи ашёи осорхонавӣ мутобиқи талаботи байналмилалӣ, ҷанбаҳои техникӣ ва татбиқи барномаҳои иттилоотию таблиғотӣ дар ҳудуди Рим муҳокима шуданд.
Ҳамзамон масъалаҳо оид ба тартиби баргузории ифтитоҳи расмӣ ва дигар ҷузъиёт матраҳ гардиданд.
Ҷонибҳо аҳамияти намоиши мазкурро ҳамчун чорабинии муҳими фарҳангӣ таъкид намуда, онро омили мусоид дар самти муаррифии мероси ғании таърихию фарҳангии Тоҷикистон ва рушди ҳамкории дуҷониба арзёбӣ намуданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






