Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона доир гардид
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳраки Адрасмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии оила ҳамоиши идона баргузор гардид. Зимни он оилаҳои пешқадами шаҳр дастовардҳои намоёнро ба маърази тамошо гузоштанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон хабар медиҳад.
Дар чорабинии тантанавӣ ба якчанд кӯдаки навзод шаҳодатномаи таваллуд, ба оилаҳои намунавию ғолибони озмуни шаҳрии «Оилаи беҳтарин» ва собиқадорони мақомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳо тақдим карда шуданд.
Иброз гардид, ки оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо менамоянд».
Дар ҳамоиш оилаҳои намунавӣ доир ба паҳлуҳои гуногуни оиладорӣ сухан гуфта, иброз доштанд, ки дар зиндагӣ сабру таҳаммул ва ҳамдигарфаҳмӣ оиларо ба хушбахтӣ мерасонад. Оила давлати хурде мебошад, ки қонуну қоидаҳои худро дорад. Дар ҳамин макон агар фарзанд дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия ёбад, ба халқу ватани хеш содиқона хизмат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 15 май Рӯзи байналмилалии оила эълон гардид. Мақсад аз эълони ин рӯз ҷалби таваҷҷуҳи давлату ҷомеа ба мушкилоти мавҷудаи оила ва оиладорӣ мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Гулистон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






