Дар шаҳри Бохтар бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон сохтмони бинои нави беморхонаи бемориҳои дил ва Маркази эндокринология идома дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар 874.30 метри мураббаъ идома дошта, масоҳати умумии бино 2820.60 метри мураббаъ ва ҳаҷми умумии сохтмон 1196.50 метри мукаабро ташкил медиҳад. Иншоот тибқи нақша идома дошта, мутахассисону сохтмончиён барои бо сифати баланд ва дар муҳлати муайян ба анҷом расонидани корҳо кӯшиш доранд.
Бунёди ин муассисаи тиббӣ барои беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ташхис ва табобати бемориҳои дилу раг ва ҳамчунин бемориҳои эндокринологӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ин иншоот бо дастгирии Раёсати сохтмони асосии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бунёд мешавад. Корҳои сохтмониро Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Хизматрасонии сохтмони асосӣ»-и шаҳри Душанбе ҳамчун пудратчӣ амалӣ менамоянд.
Баъди ба истифода додани беморхона барои сокинони вилояти Хатлон шароити боз ҳам беҳтари ташхису табобат фароҳам оварда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






