Дар шаҳри Гулистон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ ҳангоми оббозӣ бо хонандагон ва сокинон вохӯриҳо гузаронида шуд
ДУШАНБЕ, 21.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъулини бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон дар байни омузгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №14, №1, Гимназияи №1-и шаҳр, Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и Ҷамоати шаҳраки Сирдарё, инчунин аҳолии маҳалаҳои Айнӣ ва Ҷавонӣ пеш аз ба таътили тобистона баромадани хонандагон ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ вохӯриву суҳбатҳо гузарониданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Дар рафти вохӯрӣ ба иштирокдорон оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ, ба оббозӣ машғул нагардидан дар мавзеъҳои хавфнок, ки лавҳаҳои огоҳкунанда насб карда шудааст, маълумот дода шуд. Инчунин ба хонандагону сокинон тартиби хабардоркунии намояндагони бахши Раёсат дар шаҳр ҳангоми мушоҳида намудани ҳолатҳои ғарқшавии шаҳрвандон дар кӯлу дарёҳо фаҳмонида шуд.
Зимни гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба хонандагон ва сокинон риояи қоидаҳои бехатарӣ ва расонидани кумаки аввалин ба ғарқшудагон омӯзонида шуд. Аз ҷумла, ба онҳо оид ба тарзи дуруст аз об берун овардани шахси ғарқшуда, санҷиши аломатҳои ҳаётӣ (нафаскашӣ ва набз), дар ҳолати набудани нафас ва набз – фавран оғоз намудани нафаси сунъӣ ва масҳи дил, даъвати ёрии таъҷилӣ ва таъмини шароити бехатар то расидани мутахассисони соҳа маълумоти муфассал дода шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ аз сабаби риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнуъ ва бе назорат мондани кӯдакон аз ҷониби калонсолон рух медиҳанд. Аз ин рӯ, падару модарон огоҳ карда шуданд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан, дар таътили тобистона, ки бо гарм шудани ҳаво кӯдакону наврасон майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш тадбирҳои судманд андешанд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад






