Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расид
ДУШАНБЕ, 02.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Кӯлоб дар пайи бориши пай дар пай шоми 1 май сел омада, ба хонаҳои сокинон хисорот расидааст. Дар натиҷа баъзе роҳҳо ва иншооту хонаҳои сокинони маҳаллаҳои шаҳр зери об монданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ин вазъият ҳаракати нақлиёт ва одамонро душвор ва дар бархе ҷойҳо ғайриимкон намуд. Имрӯз, 2 май вазъи ҳаво дар шаҳри Кӯлоб муътадил арзёбӣ гардида, боридани борон ба назар намерасад ва сатҳи ҷараёни сел низ коҳиш ёфтааст. Сел асосан ба кӯчаи Хати роҳ ва кӯчаи Корвонгузар осеб расонида, ҳоло зарари он муайян нагардидааст. Барои бартараф кардани офати табиӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб тадбирҳои зарурӣ андешида, масъулони бахши ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании шаҳри Кӯлоб ва Муассисаи нигаҳдории роҳҳои автомобилгардро дар ин самт вазифадор намудаанд.
Ҳоло корҳои тоза кардани новаҳои бетонӣ ва роҳҳо аз ҷониби масъулон идома дошта, кӯшиш доранд, ки зарари аз офат расидаро сари вақт бартараф созанд. Обуҳавошиносон қаблан ҳушдор дода буданд, ки дар Тоҷикистон то 4 май боронҳои шадид ва омадани селҳои дорои хусусияти маҳаллӣ пешбинӣ карда мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






