Дар шаҳри Варшава барои ҷавонони тоҷик мусобиқаи футбол ташкил карда шуд

Май 17, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин ва дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти тоҷикони Лаҳистон дар шаҳри Варшава мусобиқаи футбол баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар доданд, чорабинии мазкур дар арафаи Рӯзи ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон бахшида ба Рӯзи байналмилалии футбол доир шуда, ба таҳкими дӯстӣ, ҳамбастагӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни ҳамватанон равона гардид.

Дар мусобиқа 10 даста бо фарогирии беш аз 100 ҷавони тоҷик, ки дар шаҳри Варшава иқомат доранд, иштирок намуд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Лаҳистон бо қароргоҳ дар Берлин Имомудин Сатторов иштирокчиёни мусобиқаро ба таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагӣ байни ҳамватанон даъват намуда, дастаҳои ғолибро табрик гуфт ва ба онҳо мукофоту туҳфаҳои хотиравӣ тақдим кард.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

Май 17, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-20262 иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони ваколатдории доимии ИДМ баргузор гардид
Ҳамкории судманди Тоҷикистон ва Миср баррасӣ гардид
Дар Москва ба хотири гиромидошти Шоири халқии Тоҷикистон Лоиқ Шералӣ маҳфили адабӣ доир шуд
Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид