Дар Суғд масъалаи содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Озарбойҷон баррасӣ шуд

Май 8, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи рушди ҳамкории  иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва вазъи  дурнамои робитаҳои тиҷоратӣ,    аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф зимни вохӯрии  Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода  бо намояндагони Сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистон таҳти  роҳбарии Алимирзамин Аскаров баррасӣ гардид.  Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар  медиҳад.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки  дар натиҷаи  сиёсати  хирадмандонаи роҳбарони ду давлат — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии  Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев робитаҳо дар самтҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ рушд ёфта истодаанд.

Ҷонибҳо инчунин иброз доштанд, ки   ҳаҷми  гардиши молу маҳсулот тамоюли афзоиш дошта, татбиқи лоиҳаҳои муштарак бомуваффақият идома доранд.

Алимирзамин Аскаров сатҳи ҳамкориро баланд арзёбӣ намуда, омодагии худро барои тақвияти равобит, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод, фарҳанг ва маориф иброз намуд.

Дар вохурӣ таъкид гардид,  ки вилояти Суғд  дорои имкониятҳои васеи сармоягузорӣ буда, бо минтақаҳои гуногуни Озарбойҷон робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ба роҳ мондааст.

Ёдоварӣ мешавем, ки сафари давлатии Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2025 доир гардид, ба густариши ҳамкорӣ  такони ҷиддӣ бахшид.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 8, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад