Дар Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 10.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВ сохта мешавад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Масъалаи мазкур 8 май дар мулоқоти ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо муовини президенти ширкати «Wuhan Building Material Industry Design & Research Institute Co Ltd.» Зуо Даёнг дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо масъалаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни ширкати «Wuhan Building Material Industry Design & Reserch Institute Co Ltd.» ва ҶДММ «Аён Энерҷӣ»-ро дар самти бунёди неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 МВт дар ҳудуди вилояти Суғд мавриди баррасӣ қарор доданд.
Таъкид гардид, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо барои таҳкими иқтидори энергетикии Тоҷикистон, афзоиши истеҳсоли энергияи «сабз» ва ҷалби сармоягузории хориҷӣ аҳамияти муҳим дорад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикисто








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






