Дар Тоҷикистон фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 01.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дастур дода шуд, ки фарогирии кӯдаконро ба муассисаҳои томактабӣ тавассути рушди шаклҳои алтернативӣ ва бахши хусусӣ зиёд намоянд.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб шуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дастгирӣ меёбад. Қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба таҳсилоти томактабӣ аз он дарак медиҳад, ки назорат ва расонидани ёрии методӣ ба субъектҳои раванди таълиму тарбияи томактабӣ беҳтар гардидааст. Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Аз ҷумла, дар мамлакат барои рушди таҳсилоти томактабӣ «Барномаи рушди таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» амал мекунад. То охири татбиқи барнома 800 муассисаи нави ин соҳа бунёд ёфта, фарогирии кӯдакони аз 3 то 6-сола бо таҳсилоти томактабӣ дар мамлакат бояд ба зиёда аз 50 фоиз расонида шавад.
Барнома бо мақсади идома бахшидан ба раванди босуръати сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, фароҳам овардани муҳити мусоиди таълиму тарбияи кӯдакон, васеъ намудани дастрасии босифат ба ин зинаи таълиму тарбияи насли наврас ва такмили сатҳи тахассусии кадрҳои соҳа таҳия гардидааст.
Барномаи мазкур бо мақсади таҳкими заминаҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилӣ барои таъмини рушди устувори низоми таҳсилоти томактабӣ таҳия гардида, татбиқи он ба баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи кӯдакон равона карда шудааст.
Ҳамзамон бо мақсади таъмини рушди барвақтии кӯдак, танзим ва ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, марказҳо (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак ва шаклҳои дигари алтернативӣ таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастурҳои таълимию методӣ дар назди Вазорати маориф ва илм Шурои машваратӣ – ҳамоҳангсозии таҳсилоти томактабии фарогир таъсис дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 декабри соли 2024 таъкид шудааст, ки «дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумӣ бояд таъмин гардад».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид






