Дар Тоҷикистон мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис дода мешавад

Май 21, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ дар ҳамкорӣ бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сберобразование  мактаби технологияҳои рақамии «Школа 21» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мактаби мазкур шаҳрвандони аз 18-сола боло метавонанд ба таври ройгон касбҳои муосири соҳаи технологияҳои иттилоотиро омӯзанд ва дар оянда ҳамчун муҳандисони рақамӣ фаъолият намоянд.

Мактаб дар бинои маркази тиҷоратии Хадамоти алоқа, воқеъ дар шаҳри Душанбе,  хиёбони Рӯдакӣ 57 ҷойгир буда, барои 200 ҷойи таҳсил пешбинӣ шудааст. Таҳсил ба таври шабонарӯзӣ ба роҳ монда шуда, иштирокчиён метавонанд дар вақти барояшон мувофиқ омӯзиш гиранд. Барномаи таълимӣ тавассути платформаи рақамии байналмилалӣ амалӣ гардида, муҳтавои он мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат пайваста такмил дода мешавад.

Давраи асосии таҳсил вобаста ба самт ва суръати омӯзиш аз 9 моҳ то 2 сол идома меёбад. Дар мактаб усули муосири «ҳамсол ба ҳамсол» истифода мешавад, ки дар доираи он донишҷӯён таҷриба ва донишҳои худро мубодила намуда, лоиҳаҳои инфиродӣ ва гурӯҳиро амалӣ менамоянд.

Дар маҷмӯъ, барои омӯзиши технологияҳои рақамӣ 20 самти таълим пешниҳод мегардад.

 АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 21, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
Дар Душанбе натиҷаҳои миллии Шарҳи чоруми фаъолияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
Дар Давҳа тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо AIIB баррасӣ гардид
Дар доираи Форуми Sibos 2026 рушди ҳамкории Бонки миллии Тоҷикистон бо Commerzbank AG баррасӣ шуд