Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба муносибати 25-солагӣ дар якҷоягӣ бо Лигаи футболи Тоҷикистон ба Мусобиқаи ҷумҳуриявии “МегаФон Life бо сабки футбол” ҳусни оғоз бахшид, ки он байни футболбозони синнашон то 13-сола баргузор мешавад. Бозиҳои нахустин дар шаҳри Бохтар аз 11 то 15 май гузаронида шуданд.
Дар мавсими ҷорӣ мусобиқаҳо инчунин дар Шаҳринав (13-18 май), Душанбе (19-25 май), Хуҷанд (25-29 июн) ва Хоруғ (15-20 июн) доир мегарданд. Интизор меравад, ки дар мусобиқаҳо қариб 1 500 футболбози ҷавон иштирок намоянд.
Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол” аллакай соли дуюм аст, ки кӯдакону наврасонро аз минтақаҳои мухталиф муттаҳид месозад. Он ба кӯдакон имкон медиҳад, ки малакаҳояшонро инкишоф диҳанд ва истеъдоди варзишияшонро новобаста аз макони истиқомат нишон диҳанд.
“Варзиш дар тарбияи насли қавӣ, дар мақсадҳояш устувор ва солим кумаки воқеӣ мерасонад. Мусобиқаи “МегаФон Life бо сабки футбол” танҳо аз бозиҳои одӣ иборат набуда, барои кӯдакон ҷиҳати худро санҷидан ва эҳсос кардани дастгирии калонсолон имконияти хеле хуб мебошад. Барои ширкати мо ташкили лоиҳаҳое, ки ба рушди ҷавонон мусоидат карда, дар ташаккули ояндаи футболи тоҷик кумак мерасонанд, ниҳоят муҳим аст”, — изҳор дошт Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.
“ Футболи кӯдакон маҳз аз чунин мусобиқаҳо шуруъ шуда, маҳз дар онҳо кӯдакон таҷрибаи нахустини ҷиддиро ба даст оварда, барои ҳаракат ба пеш ҳавасманд карда мешаванд. Мо аз ширкати “МегаФон Тоҷикистон” барои саҳмгузорӣ дар рушди варзиши кӯдакон ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон хеле миннатдорем”, — мегӯяд Абдулло Соқиев, директори Лигаи футболи кӯдакон ва наврасони Тоҷикистон.
Ба ҳайси шарики мусобиқа Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Яхмоси 33” баромад менамояд, ки дар бозиҳои ниҳоӣ ба тамошобинону меҳмонон туҳфаи ширин – якмоси лазиз пешниҳод хоҳад кард. Аллакай соли дуюм аст, ки ширкат мусобиқаҳоро дастгирӣ намуда, ба варзишгарон хурсандӣ мебахшад.
“МегаФон Тоҷикистон” ҳама дӯстдорони варзишро ба дастгирии варзишгарон ва муайянсозии номҳои ситораҳои ояндаи футболи тоҷик даъват менамояд!








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






