Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд

Май 18, 2026 17:15

ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия баргузор мешаванд. Маросими ифтитоҳи ин чорабинии  фарҳангӣ  26 май, соати 18:00 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» дар назар аст,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қисмати асосии чорабиниҳои рӯзҳои фарҳангӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир карда мешавад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг замина мегузорад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Русия ба ҳисоб меравад. Он инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.

АКС аз бойгонӣ

Май 18, 2026 17:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид