Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид

Май 26, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия оғоз гардид,  хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар маросими ифтитоҳ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Саттороён, Вазири фарҳанги Федератсияи Русия Олга Любимова, намояндагони корпуси дипломатӣ ва аҳли фарҳангу ҳунар иштирок намуданд.

Матлубахон Сатториён зимни ифтитоҳи чорабинӣ баргузории Рӯзҳои фарҳанги Русияро дар Тоҷикистон падидаи фараҳбахши фарҳангӣ арзёбӣ намуд.

Такъид гардид, ки қисмати асосии чорабиниҳои Рӯзҳои фарҳанг дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд доир карда мешавад. Баргузории Рӯзҳои фарҳанг барои боз ҳам бештар шинос шудан бо фарҳангу санъати якдигар ва таҷриба гирифтан аз навгониҳо дар соҳаи фарҳанг замина мегузорад.

Баргузории Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия қадами муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию гуманитарӣ байни Тоҷикистону Русия арзёбӣ карда шуд.

Изҳори умед карда шуд, ки Рӯзҳои фарҳанг инчунин барои таҳкими муносибатҳои дӯстона, густариши ҳамкории эҷодӣ ва табодули таҷриба дар байни аҳли фарҳанги ду мамлакат имконияти иловагӣ фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 26, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад