Дар Туркманистон бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид

Май 15, 2026 11:54

ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон бо ҷавонон — донишҷӯён ва инчунин омӯзгорони донишгоҳҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои иштирок дар озмуни III байналмилалӣ дар шаҳри Ашқобод қарор доштанд, вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон хабар доданд.

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркманистон Вафо Ниятбекзода иштирокчиёни озмунро ба муносибати фарорасии  Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо барои иштирок дар мусобиқа барору комёбиҳо таманно намуд. Таъкид гардид, ки аҳамияти таҳсил ва омӯзиши фанҳои гуногун ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба неруи пешбарандаи рушд табдил ёфта, иқтидори зеҳнии давлатро рушд ва нуфузи онро дар саҳнаи байналмилалӣ афзоиш диҳанд.

Зимни суҳбат роҳбари Намояндагӣ дар бораи сиёсати ғамхоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҷавонони мамлакат ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои гирифтани дониш ва амалӣ кардани иқтидори он сухан гуфт.

Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Ашқобод таҳти унвони «Муносибатҳои байналмилалӣ: фарҳанги муколамаи сулҳҷӯёна» аз ҷониби Донишкадаи муносибатҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷии Туркманистон озмуни III байналмилалӣ ташкил гардид, ки дар он намоядагони Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд.

АКС:  Сафорати Тоҷикистон дар Туркманистон

Май 15, 2026 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст