Дар ҷумҳурӣ «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» татбиқ мегардад

Май 27, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Конфронси 4-уми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки «таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла хушксолӣ, обхезиҳо, обшавии босуръати пиряхҳо ва баландшавии сатҳи баҳр вазъи ҷориро дучанд шиддат мебахшад. Воқеияти гуфташуда барои низомҳои аллакай осебпазир фишори иловагӣ эҷод мекунад. Ин нишондиҳандаҳо танҳо пешгӯӣ нестанд, балки ҳушдори ҷиддӣ ва даъват ба амал ба ҳар яки мо мебошанд».

Дар ин робита бояд ёдовар шуд, ки ҳанӯз соли 2019 бо Қарори Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул гардидааст. Ҳадаф аз қабули ин Стратегия амалӣ намудани чорабиниҳо барои муқовимат ба оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар мамлакат аст.

Татбиқи чораҳо барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо афзалият ба соҳаҳои энергетика, обтаъминкунӣ ва кишоварзӣ аз ҳадафҳои асосии стратегия мебошад. Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва вазорату идораҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки барои иҷрои стратегия тадбирҳои муассир андешанд. Нақшаи амалии Стратегия барои солҳои 2025-2027 низ тасдиқ гардида, татбиқи он идома дорад.

Тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об чӣ таъсир мерасонад?

Масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз мушкилоти ҷиддии ҷаҳони муосир маҳсуб шуда, таъсири он ба муҳити зист, иқтисодиёт ва некуаҳволии аҳолӣ беш аз пеш мушоҳида мегардад. Тоҷикистон, ки иқлими кӯҳӣ ва захираҳои бойи табиӣ дорад, ба ин раванд бештар осебпазир буда, пешбурди чораҳои мутобиқшавӣ ва коҳиши хатари иқлимӣ барои мо аҳамияти аввалиндараҷа дорад.

Тағйирёбии иқлим ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад. Харобшавии манбаъҳои захираҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим мебошад. Дар ин раванд обшавии босуръати пиряхҳо баръало мушоҳида мешавад. Даҳсолаи охир шумораи умумии пиряхҳои Тоҷикистон, ки 13 ҳазорро ташкил дода, манбаи 60 фоизи обҳои минтақаи Осиёи Марказӣ аст, 1000 адад кам гардид.

Бо ташаббуси Тоҷикистон Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон шудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва 21 март Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо» қабул гардида, Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуд. Тоҷикистон саҳми молиявии аввалини худро ба ин фонд гузошт.

Тоҷикистон дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим

Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламравашро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, дар пасманзари пайомадҳои тағйирёбии иқлим яке аз кишварҳои осебпазир ба шумор рафта, ҳамасола бо ҳодисаҳои табиии обхезӣ, сел, фаромадани ярчу тарма ва дигар офатҳои табиӣ марбут ба об дучор мешавад. Ин аст, ки мамлакати мо ҳамасола аз ҳодисаҳои табиии марбут ба об, ки дар ҳолатҳои алоҳида боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, зарари зиёди молию моддӣ мебинад.

Қабули барномаҳои давлатӣ дар раванди тағйирёбии иқлим

Дар асоси Стратегияи миллии рушд аз ҷониби Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати мамлакат барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028», «Барномаи давлатии маҷмуии рушди тарбия ва маърифати экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатии рушди минбаъдаи «Мамнуъгоҳи табиии давлати «Дашти Ҷум» барои солҳои 2021-2025», «Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» ва «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» бо қарори Ҳукумати мамлакат қабул гардидаанд, ки татбиқи онҳо дар раванди тағйирёбии иқлим муҳим аст.

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ бо мақсади пешгирии муҳити зист аз ифлосшавӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тақвияти корҳои ободонию созандагӣ дар ҷумҳурӣ бо иштироки доираи васеи кормандони вазорату идораҳо ва аҳолӣ мунтазам ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал», «Тозагии шоҳроҳ» ва «Тозагии соҳил» мегузаронад.

Тоҷикистон дар байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ аз рӯи ҳисоби индекси содагардонидаи осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ҷойи якумро ишғол карда, бинобар иқтидори мутобиқшавии паст доштанаш мамлакати хеле ҳассос арзёбӣ мегардад. Аз ин рӯ, бо амиқтар шудани мушкилоти мавҷуда ва пайдоиши хавфҳои нав эҳтимол аст, ки тағйирёбии иқлим барои ноил шудани Тоҷикистон ба самтҳои афзалиятноки рушд монеа эҷод намояд.

Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншавандаи Тоҷикистон

Хавфҳое, ки бо тағйирёбии иқлим ва чораҳои мутобиқшавӣ барои паст кардани ин хавфҳо ба аҳолӣ ва соҳаҳои калидии иқтисодиёт алоқаманданд, унсурҳои муҳими “Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мебошанд. Ҳангоми ба имзо расонидани Созишномаи байналмилалӣ доир ба иқлим дар Конфронси Тарафҳои Конвенсияи Қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP21) дар Париж соли 2015 Тоҷикистон саҳми тахминӣ ва дар сатҳи миллӣ муайяншавандаро омода кард, ки равандҳои иқлимро арзёбӣ мекунад. Он ҳамчунин сенарияҳои гуногунро барои қабули тадбирҳои минбаъда ҷиҳати коҳиши ихроҷи газҳои гулхонавӣ тартиб медиҳад.

Уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон тибқи ин стратегия

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим инчунин уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистонро доир ба Рӯзномаи маҷлис барои асри 21 ва Ҳадафҳои Рушди Устувор вобаста ба мубориза бо

тағйирёбии иқлим, ки аз тарафи иҷлосияи 70-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2015 ба тасвиб расидааст, ба назар гирифтааст.

Таваҷҷуҳи асосии Ҳадафҳои Рушди Устувор консепсияи рушди устувори инсон аст. Дар ин замина пурра аз байн бурдани камбизоатӣ, иваз намудани моделҳои ноустувор ва пешбурди моделҳои устувори истеъмолӣ ва истеҳсолӣ, мубориза бо тағйирёбии иқлим бо мақсади рушди минбаъдаи иқтисодию иҷтимоӣ вазифаҳои асосӣ ва шароити ҳаётан муҳими рушди устувори инсон мебошанд.

Соҳаҳои афзалиятноки иқтисодии стратегия

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба сифати афзалият соҳаҳои энергетика, захираҳои об, нақлиёт ва кишоварзиро фаро мегирад, ки ҳам ба тағйирёбии иқлим осебпазир ва барои рушд афзалиятнок мебошанд. Инчунин ба он 7 бахши байнисоҳавӣ- тандурустӣ, маориф, гендер, ҷавонон, муҳоҷират, муҳити зист ва ҳолатҳои фавқулода дохил карда шуд.

Рушди устувори иқтисодӣ — самти афзалиятнок

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим метавонад дар таҳия ва амалӣ намудани сиёсати Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он мусоидат кунад. Он ба дастгирии рушди иқтисодӣ ва суръатбахши модернизатсияи соҳаҳои иқтисодиёт, диверсификатсия ва таҳкими бозори глобалӣ, инчунин баландшавии рақобатнокии иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳисоби беҳтар кардани мутобиқшавӣ ва самаранокии неруи барқ дар мамлакат равона шудааст.

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим имконият медиҳад, ки барои банақшагирии рушди устувори мамлакат дар маҷмуъ, аз ҷумла иқтисодиёти он муносибати нисбатан маҷмуӣ ва динамикӣ қабул намояд ва дурнамои миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат доир ба тағйирот ва тағйирёбандагии иқлим ба инобат гирифта шавад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 27, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сироҷиддин Муҳриддин: «Ҳамкории муассир ягона роҳи устувори ҳалли мушкилоти муштараки об мебошад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ташаккули рӯзномаи ҷаҳонии об баъд аз соли 2030 баррасӣ шуд
Ҷонибек Ҳикмат: «Баргузории Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе таҷассумгари саҳми шоистаи Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об мебошад»
ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад
Дар Душанбе масъалаҳои рушди соҳаи илму маориф бо ректори Донишгоҳи СММ баррасӣ гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ: Тоҷикистон ва СММ омодагиро барои баррасии ҷамъбастии Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба об дар соли 2028 оғоз намуданд
Созишномаи маблағгузории лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ ба чорводорӣ» ба имзо расид
Намояндаи Африқои Шимолӣ Мпҳепҳу Нндвелени: «Тоҷикистон пешоҳанги ҳалли масъалаҳои обу иқлим дар ҷаҳон аст»
Ҳамкории Тоҷикистон бо СММ дар самти инноватсия ва зеҳни сунъӣ густариш меёбад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе ҷаласаҳои пленарӣ ва нишастҳои ҷамъбастии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегарданд
ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Нақши рӯзномаи об дар равандҳои бисёрҷонибаи байналмилалӣ дар Душанбе баррасӣ шуд