Дар Ёвон гулгашти фарҳангию фароғатӣ бо муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол (25 май) дар маркази ноҳияи Ёвон гулгашти нави фарҳангию фароғатӣ бо ҷойгир намудани муҷассамаи «Рамзи футбол» ба истифода дода шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, гулгашт дар кӯчаи Меҳвари Ҷамоати шаҳраки Ёвон дар 1500 метри мураббаъ сохта шуда, дар маркази он муҷассамаи бошукуҳи «Рамзи футбол» бо баландии 12 метр насб гардидааст.
Ҳудуди иншоот бо нишастгоҳҳои замонавӣ, чароғҳои равшанидиҳанда, дарахтони ороишию ҳамешасабз ва гулҳои мавсимӣ оро ёфта, барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Зимни ифтитоҳи гулгашт иброз гардид, ки таҳти сиёсати варзишпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш, бахусус футбол дар ҷумҳурӣ рушду густариши бесобиқа касб намудааст. Маҳз таваҷҷуҳи доимии давлат ва Ҳукумат ба рушди инфрасохтори варзишӣ, омода намудани варзишгарони ҷавон ва ташкили мусобиқаҳои гуногун барои тарбияи насли солим, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим мусоидат менамояд.
Таъкид шуд, ки эътирофи Рӯзи ҷаҳонии футбол дар сатҳи байналмилалӣ нишонаи мақому нуфузи рӯзафзуни Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ буда, саҳми мамлакатро дар рушди варзиш ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ боз ҳам бештар муаррифӣ менамояд.
Дар идомаи чорабинӣ Фестивали футбол баргузор гардид, ки дар он варзишгарони наврасу ҷавон маҳорати худро ба намоиш гузоштанд. Машқҳои намоишӣ, барномаҳои саҳнавии варзишӣ ва ҳунарнамоии иштирокчиён ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшид. Инчунин байни дастаҳои наврасон ва ҷавонон мусобиқаҳои дӯстона доир гардида, иштирокчиён маҳорати баланди варзишӣ, руҳияи рақобати солим ва эҳсоси дӯстиву ҳамбастагиро ба намоиш гузоштанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон











Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Меҳмонхонаи Редиссон Коллекшн Душанберо (Radisson Collection Dushanbe) ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозии дуюми дӯстонаро бо Қатар мусовӣ анҷом дод
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол бар тимҳои Бермуд ва Филиппин пирӯз шуд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд






