Дар заминҳои назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён картошка кишт карда шудааст

Май 3, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и ноҳияи Кӯшониён дорои беш аз 3 гектар замин мебошад. Дар ин қитъаҳо боғи зардолу бунёд гардида, картошка кишт карда шудааст. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Дар айни замон дар заминҳои муассиса кишти картошка нашъунамои хуб дошта, ба иттилои масъулин, тамоми корҳои агротехникӣ, аз ҷумла нармкунии хок, обёрӣ ва ғизодиҳӣ сари вақт ва бо риояи талаботи техникӣ анҷом дода шудаанд.

Масъулин иброз доштанд, ки ин иқдом ба баланд бардоштани маърифати меҳнатдӯстӣ ва шиносоии хонандагон бо соҳаи кишоварзӣ мусоидат намуда, ҳамзамон барои таъмини муассиса бо маҳсулоти худӣ замина фароҳам меорад.

Рӯзҳои наздик ҳосили картошка ҷамъоварӣ гардида, натиҷаи меҳнати дастҷамъона муайян карда мешавад.

Истифодаи самараноки замин, интихоби дурусти навъҳои зироат ва риояи қоидаҳои агротехникӣ омили асосии баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ ба шумор меравад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 3, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад