Дар Женева мулоқоти Шараф Шерализода бо сафирони кишварҳои хориҷӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо як зумра сафирон дар Женева мулоқотҳои дуҷониба анҷом дод.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, дар мулоқот бо роҳбарони намояндагиҳои доимии кишварҳои Бенин Анҷело Дан, Эфиопия Тсегаб Кебебев Дака, Нидерланд Эрика Шоутен, Арабистони Саудӣ Абдулмуҳсин Маҷид Бинхотайла, Британияи Кабир Кумар Айер, Ҷазираҳои Маршалл Дорин Дебрум ва Қатар Ҳинд Ал-Муфтаҳ масъалаҳои умдаи рушди муносибатҳои ҳасанаи дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишварҳо баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин мусоҳибон оид ба роҳҳои таҳкими тамосу муколама, ҳамкории судманд ва дастгирии якдигар дар сохторҳои мухталиф табодули афкор намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд
Идибек Қаландар бо Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Малайзия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини Котиби давлатии ИМА Кристофер Ландау мулоқот намуд
Рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар бахшҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Корея бо раиси ширкати KOTA seed potato Co. Ltd. мулоқот намуд
Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон дар соҳаи тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист баррасӣ шуд
Даври 4-уми Шарҳи универсалии даврии Тоҷикистон дар Женева баргузор шуд
Дар Женева доир ба дастовардҳои Тоҷикистон дар 35 соли истиқлоли давлатӣ ва таҳкими ҳифзи ҳуқуқи инсон чорабинии сатҳи баланд доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар Австрия бо Президенти Бунёди ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо раиси Шурои мудирони Ширкати лоиҳаҳои гардишгарии Кувайт мулоқот намуд






