Даври ҷумҳуриявии Фестивал-озмуни «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 04.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. 7 май дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ даври ҷамъбастии Фестивал–озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ баргузор мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки даври якуму дуюми фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш моҳҳои марту апрел дар сатҳи маҳал, шаҳру ноҳия ва вилоятҳо гузаронида шуд.
Тибқи тартиби муайянгардида, 2-3 май ҳайати ҳакамон ба барномаи омоданамудаи театрикунонидаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, Суғд, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаи Рашт, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе баҳо гузоштанд. Аз барномаи омоданамудаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ беҳтаринҳо интихоб гардиданд, ки онҳо дар даври ниҳоии фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш иштирок мекунанд.
Дар даври ҷумҳуриявии фестивал-озмун ва намоиш-фурӯши маҳсулоти чакан, нақшдӯзӣ ва зардӯзӣ тарроҳон, чеварон ва намояндагони соҳаи мӯд аз тамоми манотиқи мамлакат ҷамъ меоянд. Онҳо намунаҳои беҳтарини эҷодиёташон–либосҳои миллӣ, аз қабили чакан, атлас, адрас, нақшдӯзию зардӯзиро бо тарҳҳои муосир ва унсурҳои анъанавӣ ба намоиш–фурӯш мегузоранд.
Ёдовар мешавем, ки ин фестивал-озмун ва намоиш-фурӯш дар асоси «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, соли якум аст, ки гузаронида мешавад.
Мақсади асосии фестивал-озмун баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ, ифтихори миллӣ, тарғиби либоси зебои миллӣ, ҳамгироии минтақаҳои Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳанг, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба ҳисоб меравад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Кадом қонуншиканиҳо метавонанд боиси ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия гарданд?
ДАР ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ноҳияи Рашт ба 80 оилаи ниёзманд ангишт кумак карда шуд
Дар ноҳияи Файзобод китобхона, кӯдакистон ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд
Нақшаи буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилояти Суғд беш аз 100 фоиз иҷро гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид






