Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО Ян Браату: Дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд аст
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи иттилоот, аз ҷумла таҳкими имконоти васоити ахбори омма ва таъмини амнияти иттилоотӣ дар вохӯрии Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода бо намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба озодии воситаҳои ахбори омма Ян Браату мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҷонибҳо доир ба нақшаҳои минбаъдаи ҳамкорӣ дар самти таъмини рушди самарабахши васоити ахбори омма, истифодаи имконоти зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нави иттилоотӣ дар фаъолияти тарғиботӣ ва масоили дастрасӣ ба иттилооти расмӣ табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки воситаҳои ахбори омма яке аз рукнҳои асосӣ дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, дар ташаккули афкори ҷамъиятӣ ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати технологияҳои рақамӣ нақши назаррас доранд.

Ян Браату ба сатҳи дастрасӣ ба иттилои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд дода, изҳор намуд, ки дар ин самт дар Тоҷикистон корҳои зиёде анҷом дода шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳайати Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) таҳти роҳбарии намояндаи созмон оид ба озодии воситаҳои ахбори омма Ян Браату дар доираи сафари корӣ ба Тоҷикистон нимаи дуюми имрӯз ба Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ташриф оварда, бо роҳбарияти телевизион вохӯрӣ анҷом доданд ва бо фаъолияти гурӯҳҳои эҷодӣ аз наздик шинос шуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






